Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суханронии Э. Раҳмон дар Маҷмаъи кулли СММ


Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷуҳури Тоҷикистон дар Маҷмаъи кулли Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ кард.

Сарвари Тоҷикистон асосан рӯи мавзӯъҳои ислоҳоти сохтории СММ, бӯҳронҳои моливу озуқа ва тағйироти иқлим тамаркуз кард. Эмомалӣ Раҳмон аз кишварҳои олам хост, ки ба Тоҷикистон барои рафъи бӯҳрони озуқа ва ҷилавгирӣ аз гуруснагӣ кумак кунад.

Ӯ гуфт: "Бӯҳрони ғизо ба шароити зиндагии табақаҳои камбағали аҳолӣ таъсири манфии зиёд расонд. Дар Тоҷикистон, ки 93 фоизи қаламрави онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд ва танҳо 7 фоизи замини он қобили кишт мебошад, бӯҳрони ғизо шароити зиндагии аз се ду қисми оилаҳоро фаро гирифт. Бояд тадбирҳои иловагии муштарак ва муассир андешид, ки вазъи таъминоти озуқа дар саросари ҷаҳон минбаъд тезутундтар нагардад".

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ишора кард, ки бар асари тағйири иқлим дар Тоҷикистон раванди обшавии пиряхҳои кишвар шурӯъ шудааст, ки шояд боиси фалокатҳои муҳитизистӣ гардад.

Аз ин пеш Эмомалӣ Раҳмон дар як нишасти байнулмилалӣ дар бинои Созмони Милали Муттаҳид дар Ню Йорк хостори ҳалли мушкили дастрасӣ ба оби пок аз тариқи истифода аз захоири кули Сарез шуд. Ин нишасти мавсум ба “Об ва беҳдошт барои ҳама” таҳти раёсати раҳбари Тоҷикистон гузашт.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин пешниҳод кард, ки соли 2010 таҳти сарпарастии СММ дар шаҳри Душанбе форуми байнумилалӣ оид ба оби пок доир шавад.

XS
SM
MD
LG