Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмаъи Кулли СММ


Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷуҳури Тоҷикистон дар Маҷмааи кулли Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ кард. Сарвари Тоҷикистон асосан рӯи мавзӯъҳои ислоҳоти сохтории СММ ва бӯҳронҳои моливу озуқа дар ҷаҳон тамаркуз кард. Эмомалӣ Раҳмон аз кишварҳои олам хост, ки ба Тоҷикистон барои рафъи бӯҳрони озуқа ва ҷилавгирӣ аз гуруснагӣ кумак кунад.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ишора кард, ки бар асари тағйири иқлим дар Тоҷикистон раванди обшавии пиряхҳои кишвар идома дорад, ки шояд боиси фалокатҳои муҳитизистӣ гардад.

Аз ин пеш Эмомалӣ Раҳмон дар як нишасти байнулмилалӣ дар бинои Созмони Милали Муттаҳид хостори ҳалли мушкили дастрасӣ ба оби пок аз тариқи истифода аз захоири кули Сарез шуд. Ин нишасти мавсум ба “Об ва беҳдошт барои ҳама” таҳти раёсати раҳбари Тоҷикистон гузашт.

Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки соли 2010 таҳти сарпарастии СММ дар шаҳри Душанбе форуми байнумилалӣ оид ба оби пок доир шавад.

XS
SM
MD
LG