Пайвандҳои дастрасӣ

Маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш»-и Радиои Озодӣ тақдими шумо мегардад.

Барнома бо хабарҳои тозаи варзиши ҷаҳонӣ оғоз мешавад. Сабқати ниманиҳоии Ҷоми Дэвис оид ба теннис дар шаҳри Буэнос-Айрес байни дастаҳои мунтахаби Аргентина ва Русия бо ҳисоби 3:2 ба нафъи мизбонон ба анҷом расид. Бад-ин тартиб дастаи Аргентина ба даври ниҳоии Ҷоми Дэвис роҳ ёфт.

Қаҳрамони Бозиҳои олимпии Пекин-2008 Томаш Маевский, аз Лаҳистон, дар сабқати «Super-meet» дар шаҳри Кавасакии Ҷопон дар рақобатҳо оид ба партоби вазна бо натиҷаи 19 метру 63 сантиметр ҷои аввалро касб кард. Барандаи дукаратаи медали нуқраи Олимпиадаи Пекин Татяна Лебедева, аз Русия, дар ҷаҳидан ба дарозӣ бо натиҷаи 6 метру 81 сантиметр пирӯз гардид. Пойгаи бисёррӯзаи байналмилалии велосипедронӣ ё дучархасавории «Вуэлта» дар Испания бо ғалабаи Алберто Контадори испониёӣ хотима ёфт.

Варзишгари Маҷористон Бенк Деметер дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба панҷҳарбаи муосир дар Булғористон бо касби 4524 имтиёз байни наврасон ғолиб шуд. Марго Исаксен, аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, бо касби 4532 имтиёз байни духтарон ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт.

Сипас дар ин барнома дар бораи дастоварди варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба таэквондо ITF байни наврасон дар шаҳри Тошканд иттилоъ медиҳем.

Чунон ки шунавандагон огаҳанд, дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода барандаи Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё-2008 гардид. Дар ин бора сӯҳбате дорем бо Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи «Регар» ТадАЗ.

Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.

XS
SM
MD
LG