Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргириҳо дар Ишқобод - бархурд бо "Аждар"?


Тавзеҳи норӯшани мақомоти Туркманистон дар заминаи даргириҳои шаби 12-ум ба 13-уми сентябр дар Ишқобод ҳамоно саволу пурсиши бисёр дораду посухи кам. Брюс Паннир

Бо вуҷуди ин ки ин кишвар дар шароити бисёр баста ба сар мебарад, ба бахши туркмании радиои Озодӣ даст дод, ки бо яке аз раҳбарони мухолифин Нурбердӣ Нурмуҳаммадов сӯҳбат карда баъзе тафсилоти тирандозиҳои ахирро аз ӯ суол кунад.

Оё шаби 12-ум ба 13-уми сентябр дар Ишқобод чӣ ҳодисае рӯй дод, ки бо тирандозиҳову ҳалокати чандин нафар анҷомид? Ҳукумати Туркманистон ин гурӯҳи мусаллаҳро, ки бо нирӯҳои амниятӣ вориди даргирӣ шудааст, чун қочоқбарони маводи мухаддир ва ҷангиёни исломӣ талаққӣ кардааст.

Нурбердӣ Нурмуҳаммадов раҳбари ҳизби сабтиномнашудаи "Оқзибирлик" ё "Ваҳдат" аст ва аз камтарин раҳбарони мухолифин аст, ки дар дохили Туркманистон ба сар мебарад. Хонаи вай дар ҳамон мавзеъи Хитровка, маҳалли даргириҳо мебошад. Ин як маҳаллаи фақиронае дар канори пойтахти Туркманистон буда, чун истгоҳи Роҳи Оҳан ҳам маъруф аст ва ба эътимоди мардум, маҳалли зисти қочоқбарони маводи мухаддир ва мардуми зиёди мазҳабӣ гуфта мешавад.

Оқои Нурмуҳаммадов рӯзҳои охир талош кард бо чанд сокини маҳаллӣ роҷеъ ба ин хушунатҳои беназир дар Ишқобод сӯҳбат кард. Баъди сӯҳбат бо мардуми маҳаллӣ ва баъзе кормандони сафорати Амрико дар Ишқобод вай гуфт:

"Аз рӯи гуфти шоҳидон, тирандозиҳо рӯзи 12 сентябр соати 13 шурӯъ шуд. Зуҳр даргириҳои шиддат ёфт ва шоҳидон гуфтанд, ки ба маҳалли тирандозиҳо силоҳи вазнин оварда шуд ва тирандозиҳо бо шиддати бештар идома кард. Даргириҳо то субҳ идома кард, аммо дигар на ба андозае, ки рӯзона буд. Тамоми субҳ даргириҳо идома кард, тақрибан то соатҳои 13-14-и рӯз давом дошт. Ба ин тартиб, задухӯрдҳо 24 соат давом кард".

Аммо сабаби сар задани ин даргириҳо аз назари Нурмуҳаммадов бо он чи ки мақомот мегӯянд, тафовут дорад. Вай гуфт, ки дар маркази даргириҳо шахсе буд бо номи Худойбердӣ Амондурдиев, ки бо лақаби "Аждар" маъруф аст.

"Аз рӯи маълумоти шоҳидон, мухолифатҳо дар рӯзҳои аввали моҳи сентябр, бо оғози Рамазон шурӯъ шуд. Аждар як маъракаи пурҳашамати ифторро ташкил кард, аммо полис омада, муллои ширкатдори ин маросимро бо худ бурд. Ва баъди ин ҳодисаҳо босуръат пеш рафт. Аждар аз полис пинҳон шуд, чунки онҳо ба кофуткоби вай шурӯъ карданд".

"Аждар", ё Худойбердӣ Амондурдиев бори аввал июли соли 1995 барои ширкат дар намоиши эътирозии зиддиҳукуматӣ боздошт шуд. Ин эътирозҳо дар хотири бисёриҳо мондааст, бахусус бо ин сабаб, ки мақомот баъди саркӯби он тазоҳургаронро чун афроди маст ва мӯътоди маводи мухаддир бандном карданд. Баъди чанд сол Амондурдиев аз зиндон раҳо мешавад, аммо ҳамеша таҳти назари хадамоти амниятии Туркманистон қарор доштааст.

Мардуми маҳаллӣ мегӯянд, муддати кӯтоҳе баъди он ки муллоро боздошт карданду Аждар ҳам куҷое фирор кард, дар атрофи Ашқобод танкишҳо сурат гирифт.

"Чанд таркиш дар Қуюқ-теппа, дар истгоҳи бензинфурӯшӣ ва дар маркази фурӯши моли туркии Йимпаши Ишқобод рӯй дод. Мақомот Аждарро масъули ин таркишҳо унвон карданд, аммо онҳое, ки ӯро медоданд, гуфтанд, ки ин кори Аждар буда наметавонад".

Мақомот, ки Аждарро мавриди пайгард қарор доданд, дар кунҷу канори шаҳр акси ӯро бо талаби ба полис хабар додани маҳалли буду боши вай пахш карданд. Нурмуҳаммадов идомаи таҳаввулоти он рӯйдодҳоро чунин нақл кард:

"Рӯзи 12 сентябр, тибқи гуфтаи шоҳидон, полис ба хонаи Аждар рафта аҳли хонаводаи вайро таҳдид кардааст. Аждар ба хонааш занг зад ва модараш ба ӯ гуфт, ки полис инҷост. Аждар хост, ки бо раҳбари полис, ки дар манзилаш ҳузур дошт, сӯҳбат кунад ва модараш гӯширо ба полис дод. Аждар бо раҳбар сӯҳбат кард ва гуфт, ки онҳо дар сохтмони корхонаи тавлиди нӯшоба, ки дар наздикии манзилаш ҷойгир буда таҳти таъмир қарор дошт, ҷойгир шудаанд. Аждар гуфт, ки агар ба ӯ гап дошта бошанд, ба сохтмони ҳамсоя бираванду оилаи ӯро даст нарасанд".

Тибқи хабарҳо, раиси полис ҳам ба корхонаи нӯшоба аммо ҳамроҳ бо худ як нафарро овардааст: "Вақте ки полис ба корхонаи нӯшоба омад, ҳамроҳи ӯ писари хурдии Аждар будааст. Вақте ки онҳо бо Аждар вориди музокира шуданд, полис писари ӯро чун сипари зинда истифода карда, ба Аждар гуфтааст, ки аз паси онҳо биёяд. Дар ҷараёни музокираҳо, яке аз нафароне, ки дар дохили корхона панаҳ бурда буданд, яъне снайпер, полисро бо тири туфанге ба сараш кушт ва аммо дар идомаи ин ҳама задухӯрдҳо писари хурдии Аждар ҳам баъдан кушта шуд".

Ҳалокати як афсари мақомоти интизомиро баъдан дар нишасти фаврии ҳукуматӣ ҳам, ки дар ҳузури президент Бердимуҳаммадов ҷараён гирифт, тасдиқ карданд. Дар ин нишаст Бердимуҳаммадов нирӯҳои амниятиро танқид карда аз тарзи пешбурди амалиёт интиқод кардааст. Вай гуфт, ки дар ин кор ба чанд иштибоҳ роҳ дода шуд ва ходимони ҳифзи қонун аз худ бесалоҳиятӣ нишон доданд. Вай инчунин аз хисороти молӣ ва ҳалокати кормандони изтирорӣ сӯҳбат кард, ҳарчанд шумори дақиқи қурбониҳоро ба забон наовард.

Шоҳидони айнӣ ба Нурмуҳаммадов гуфтаанд, ки дар ин амалиёт худи Аждар ҳам кушта шуд ва инро манбаъҳои расмӣ ҳам бо ишорае таъйид кардаанд. Тавассути наворҳои видеоие, ки дар Ашқобод даст ба дасти мардум мечархад, дидан мумкин аст, ки ҷасади бараҳнаи Аждар дар рӯи мизе гузошта шудааст ва эҳтимол меравад, ки ин навор баъди мавриди таҳқиқи духтурон қарор гирифтани ҷисми ӯ бардошта шудааст.

Бо ин вуҷуд, ки гуфтаҳои Нурмуҳаммадов назар ба фарзияҳои дигар ва изҳороти расмии мақомот бештар қобили эътимод менамояд, аммо ҳанӯз ҳам мушаххас нест, ки оё гурӯҳи мусаллаҳона чӣ гуна ба аслиҳа дастрасӣ доштаву чаро барои безарарсозии он аз тонку тӯпхона ва дигар силоҳи вазнин истифода шудааст? Ва аммо муҳимтарин савол боз ҳам ҳамин аст, ки чаро барои мақомоти Туркманистон гуфтани ошкорои ҳақиқаи ҳол ин қадар сахт аст…

XS
SM
MD
LG