Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мотланте - раҳбари нави Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ


Кгалема Мотланте, муовини раиси ҳизби ҳукмрони “Конгресси миллии Африқо» раиси ҷумҳури Африқои ҷанубӣ интихоб шуд. Дар раъӣдиҳӣ дар порлумон ӯ аз болои номзади мухолифин бо бартарии зиёд пирӯз гардид. Мотланте то интихоботи сартосарӣ, ки қарор аст баҳори соли оянда баргузор шавад, раёсати ҷумҳурии Африқои ҷанубиро бар дӯш хоҳад дошт. Раҳбари пешини кишвар Табо Мбекӣ бар асари ихтилоф бо раиси ҳизби ҳукмрон ба истеъфо рафт.

XS
SM
MD
LG