Пайвандҳои дастрасӣ

Теъдоди қурбониёни ҳамлаи ғофилгирона афзоиш ёфт


Мақомоти Ироқ хабар доданд, ки теъдоди кушташудагон дар як ҳамлаи ғофилгиронаи ошубгарон алайҳи кормандони полис ва мусаллаҳони суннимазҳаб ба 35 нафар расид. Кормандони полис ва мусаллаҳони суннимазҳаб барои доир кардани амалиёт ба як деҳа дар шимоли Бағдод омаданд ва ба муҳосира уфтоданд. Мақомоти ироқӣ мегӯянд, ки ҳамлагарон аз амалиёти кормандони полис ва мусаллаҳони суннимазҳаб огаҳ буданд ва ба он омодагии комил гирифтаанд.

Тибқи як хабари дигар аз Ироқ, бар асари ҳамлаи маргталабона дар устони Диёл як сарбози амрикоӣ кушта шуд. Ба иттилоъи низомиёни воломақоми Иёлоти Муттаҳида, ин ҳамла рӯзи чаҳоршанбе сурат гирифт – дар устони Диёл амалиёти нерӯҳои ҳукуматӣ алайҳи ошубгарон идома дорад. Шурӯъ аз соли 2003, яъне оғози ҷанг дар Ироқ дар ин кишвар тақрибан 4200 низомии амрикоӣ ба ҳалокат расидаанд.

XS
SM
MD
LG