Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буш: «Иқтисоди Амрико ба хатар мувоҷеҳ аст»


Ҷорҷ Буш иқрор намуд, ки иқтисоди Амрико дар рӯ ба рӯи хатари ҷиддӣ қарор дорад.

Дар як паём ба мардум ӯ ҳамчунин гуфт, ки ба кишвар валвала ё даҳшатзадагии воқеии молӣ таҳдид мекунад:

“Вазъ маъмулӣ нест ва бозор ба таври зарурӣ амал намекунад, Эътимод ба таври густарда коҳиш меёбад ва бахшҳои аслии низоми молии Иёлоти Муттаҳида бо таҳдиди муфлисӣ мувоҷеҳ шудаанд. Мушовирони ҳукумат таъкид мекунанд, ки бидуни вокуниши фаврии Конгресс Амрико шояд бо ваҳшатзадагии молӣ рӯ ба рӯ шуда паёмадҳои сангини онро бубинад”.

Ҷорҷ Буш довталабони мақоми раисҷумҳур Барак Обама ва Ҷон МакКейнро ба мулоқот даъват кард, то ки ҳамроҳ мавзӯъи бурун рафтан аз бӯҳрони феълиро баррасӣ кунанд.

Раисҷумҳури Амрико дар паёми худ ба зарурати пазируфта шудани тарҳи рафъи бӯҳрони молӣ аз сӯи Конгресс ишора кард. Ин тарҳро Кохи Сафед таҳия карда, дар он тахсиси 700 миллиард доллар барои эътидоли бахши молия пешбинӣ шудааст. Ҷорҷ Буш гуфт, ки пазируфта шудани нақша ба шаҳрвандон ва аҳли тиҷорати Амрико имкон медиҳад, ки барои таъмини талаботи ҳаррӯза қарз бигиранд ва ҷойҳои нави кор таъсис кунанд. Ӯ афзуд, “ин паёме ба бозори ҷаҳонӣ хоҳад буд, ки сохтори молияи Амрико аз нав қоматашро рост кардааст”. Ба гуфтаи Буш, тарҳи пешниҳодшуда на ба хотири наҷоти ширкатҳои алоҳида, балки барои ҳифзи ҳама бахшҳои иқтисоди кишвар таҳия шудааст.

Ва аммо бархе аз сиёсатмадорон, аз ҷумла, номзад ба мақоми раисҷумҳури Амрико аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон Ҷон МакКейн дар мавриди пазируфта шудани тарҳи иқтисодии Кохи Сафед аз сӯи Конгресс хушбин нестанд. МакКейн дирӯз изҳор намуд, ки маъракаи пеш аз интихоботиро мутаваққиф мекунад, то ки фақат рӯи мавзӯъи паӣдо кардани роҳи ҳалли бӯҳрони молия тамаркуз намояд. Ӯ аз рақиби худ – номзад аз Ҳизби демократ Барак Обама даъват кард, ки баҳси телевизионии қаблан тарҳрезишударо мавқуф гузоранд ва ба ҷойи он нишасти муштараки ҳарду ҳизбро ба хотири таҳияи чораҳои ислоҳи вазъ доир кунанд. Ва аммо Обама дар посух гуфт, аз нигоҳи ӯ, “маҳз имрӯз мардуми Амрико бояд назари фардеро бишнаванд, ки баъди тақрибан 40 рӯз масъулияти хотима додани ба ин ҳама бенизомиҳо бар дӯшаш меуфтад”. Ва дар ҳамин ҳол Обама ва МакКейн дар як изҳороти муштарак аз Конгресс даъват карданд, ки тарҳи пешниҳодкардаи Кохи Сафед барои тахсиси 700 миллиард долларро бипазирад.

Бен Бернанке, раиси Бонки марказии Амрико ҳам бори дигар аз Конгресс хост, ки барои рафъи бӯҳрони молия дар кишвар аз чораҳои фаврӣ кор бигирад. Бен Бернанке аз Кохи Сафед хостори пазируфтани тарҳи Кохи Сафед барои тахсиси 700 миллиард доллар шуд.

Дар Конгресс ба ин тарҳ бо назари шубҳа менигаранд. Намояндагони ҳарду ҳизб ҳадс мезананд, ки шояд барои иштибоҳҳои бонкирҳо мардуми молиётсупор муҷозот шавад. Вакилони Конгресс кафолати онро талаб доранд, ки дар сурати пазируфта шудани тарҳи иқтисодии Буш на фақат сохторҳои Уолл Стрит, балки шаҳрванди оддӣ низ бурд хоҳанд кард. Сенатор аз ҳизби ҷумҳурихоҳ Ричард Шелбӣ гуфт, ки вазъи феълии бахши молия, бидуни шубҳа, мудохила ва кумаки оҷилро талаб дорад. Ва аммо, афзуд ӯ, “мо наметавонем бо сарфи ин гуна маблағи бузург ва кафолатҳои ночиз ба ҳалли бӯҳрони бавуқуъпайвастаи молӣ муваффақ шавем”.

XS
SM
MD
LG