Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баъд аз 18 рӯзи интизорӣ ва сарсонӣ 96 нафар мусофири хатсайри Душанбе–Хуҷанд–Машҳад билохира пас аз нимрӯзи 25–уми сенятбр дар ҳавопаймои «Тоҷикэйр» роҳ сӯи Эрон гирифтанд.

Онҳо бо тафаққуфи кӯтоҳ дар қаламрави ин кишвар бо роҳи ҳавоии Машҳад–Ҷидда роҳ сӯи Макка ҷиҳати зиёрат ва адои маросимҳои ҳаҷҷи умра хоҳанд гирифт. Ба гуфтаи мусофирон, онҳо дар интизории ин сафар, ки аз сӯи ширкати сайёҳии «Евротур» дар шаҳри Душанбе бояд дар рӯзи 11–уми август сурат мегирифт, рӯзҳои зиёдро дар фурудгоҳҳои Душанбеву Хуҷанд сипарӣ карданд. Мусофирон гуфтанд, ки аз азобу сарсониҳои худ ба додситонии нақлиёти Суғд шикоят бурданд .

Субҳи рӯзи панҷшанбе онҳо дар суҳбат бо Радиои Озодӣ дар фурудгоҳи Хуҷанд, ки се шабонарӯзи ахирро дар ин ҷо сипарӣ мекарданд, чунин гуфтанд:

Биолима Муҳаммадиева аз Панҷакент: «Имрӯз 18 рӯз мешавад, ки мо сарсонем. Имрӯз меравем-пагоҳ меравем, гуфта чашм ба роҳ интизорем».

Саидова Зумрад аз Ҳисор: «Мо зиқ шуда, шиштаем. Чи кор кунем? Мо ба нияти ҳаҷ аз хона баромадагӣ, чи хел гашта боз хона равем?».

Як мард бидуни муаррифии номи худ: «Рӯзи 8–уми сентябр аз Панҷакент ба Душанбе баромада будем, сарсон шудем, азоб кашидем. То имрӯз ба умеди сафар фақат аз пули кисаи худамон харҷ карда шиштем».

Зимнан, се нафари мусофирони ин хатсайр кӯдакони аз 4 то 11-сола мебошанд. Мусофирон гуфтанд, ки пардохти хароҷоти рӯзҳои таъхири сафари мусофиронро касе бар дӯш нагирифтааст .

Абдумаҷид Зокиров, намояндаи ширкати сайёҳии «Евротур» дар Хуҷанд, гуфт, ки таъхири парвози ин хатсайр ба сабаби сари вақт гирифта натавонистани визаҳои Арабистони Саъудӣ ва Эрон сурат гирифтааст. Ба гуфтаи вай, аввал Сафорати Арабистони Саъудӣ дар Қазоқистон додани визаро ба сафаркунандагонро то рӯзи 17-уми сентябр ба таъхир андохт. Дар пайи он майдони ҳавоии Машҳад низ нахост шаҳрвандони ин хатсайрро бидуни виза қабул кунад.

А. Зокиров афзуд : «Ширкати «Осмонэйр»-и Эрон як низом доштааст, ки дар майдони ҳавоиаш то нишаст ба ҳавопаймои хатсайри Ҷидда ба тариқи транзит танҳо то 4 соат иҷоза медиҳад. Аммо чун сафари моро «Тоҷикэйр» аз Хуҷанд ба Машҳад ба таъхир андохт, риояти ин муҳлат номумкин гардид ва он ҷониб барои мусофирин виза талаб кард. Мо ҷиҳати дарёфти виза дарзамон ба сафорат ва консулгарии Эрон дар Душанбе муроҷиат кардем ва, иншоаллох, акнун ба мо виза омода карданд».

Ба ақидаи вай намояндаи ширкати сайёҳии «Евротур», «Тоҷикэйр» ба иллати рақобати носолим бо ширкати хусусии «Евротур» сафари мусофирини онро ба таъхир гузошт. Мусофирини ин хатсайр ба навбати худ мегӯянд, ки ширкати «Евротур» масъулияти сафари онҳоро бар дӯш гирифта, аз ҳар кадоми онҳо ҳудуди 2 ҳазор доллари ИМА маблағ дастрас намуда буд. Вале дар тӯли 18 рӯзи таъхир онҳоро ба ҳоли худ гузошт ва танҳо дар ду рӯзи ахир дар фурудгоҳи Хуҷанд бо ҷойхоб ва ду навбат ғизо таъмин карду бас. Дигар ҳама хароҷоти рӯзҳои таъхир дар Душанбеву Хуҷанд ва раҳкирои сафар бар дӯши худи мусофирон афтодааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG