Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли Ямадаевро Додситонии Кулл тафтиш мекунад


Тафтиши сабабу ангезаҳои қатли собиқ вакили Думаи Давлатӣ ва Қаҳрамони Русия Руслан Ямадаев бар дӯши Кумитаи тафтишотии Додситонии Кулли Русия вогузор шудааст. Руслан Ямадаев, фармондеҳи шинохтаи чечен, бегаҳи рӯзи чаҳоршанбе дар маркази Маскав аз тири фарди ношинос кушта шуд. Ҳамсафари ӯ, коменданти собиқи Чеченистон генерал Сергей Кизюн бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол ёфт.

Рамзан Қодиров, раисиҷумҳури Чеченистон изҳор намуд, ки хабари қатли Ямадаев ӯро сахт нороҳат кардааст. Ӯ гуфт, ки ҳамеша ҷонибдори бозрасии воқеъбинонаи иттиҳомот алайҳи хонаводаи Ямадаевҳо дар додгоҳ буд. Мухолифати хонаводаҳои Ямадаевҳо ва Қодировҳо чанд сол боз идома дорад. Бародари хурдии Руслан Ямадаев - Сулим фармондеҳи баталёни “Шарқ” буд. Ӯ бо иттиҳоми содир кардани чанд ҷиноят мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад.
XS
SM
MD
LG