Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми футболи Тоҷикистон: натоиҷи бозиҳои ¼ ниҳоӣ


Бозиҳои аввали чаҳорякниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2008 баргузор шуданд.

Дастаи «Хуҷанд»- и шаҳри Хуҷанд бар дастаи мизбон - «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, барандаи Ҷоми Тоҷикистон дар соли 2007, бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард.

Дар бозии дигари чаҳорякниҳоӣ, ки дар шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор шуд, дастаи «Вахш» аз тими меҳмон - «Энергетик»-и Душанбе бо ҳисоби 1:4 шикаст хӯрд.

Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии тими «Вахш», иллати нокомии дастаашро дар ин бозӣ ба Радиои Озодӣ чунин шарҳ дод: «Пас аз анҷоми давраи дуввуми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон 12 бозигари дастаи мо ба иллати нагирифтани моҳонаву мукофотпулӣ ба дастаҳои дигари ҷумҳурӣ гузаштанд. Мо дар айни ҳол сарпараст надорем. Бинобар ин дар даста 11-12 нафари дигар мондаанд, ки баъди ҳар се рӯз дар бозиҳо ширкат кардан барояшон ниҳоят душвор аст».

Бозиҳои ҷавобии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2008 рӯзи шанбеи 27-уми сентябр баргузор мешаванд.

Инчунин бозиҳои ҷавобии чаҳорякниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё баргузор шуданд.

«Бунёдкор»-и Узбакистон бар «Сойпо»-и Эрон бо ҳисоби бузурги 5:1, «Аделаиди Юнайтед»-и Австралия бар «Кашима Антлерс»-и Ҷопон бо ҳисоби 1:0, «Урава Ред Диамондс»-и Ҷопон бар «Ал-Қадсия»-и Кувайт ва «Гамба Осака»-и Ҷопон бар «Ал-Карама»-и Сурия бо ҳисоби якхелаи 2:0 ғалаба карданд.

Бад-ин тартиб дар даври ниманиҳоӣ «Гамба Осака» бо «Урава Ред Диамондс» ва «Аделаиди Юнайтед» бо «Бунёдкор» рақобат мекунанд. Бозиҳои аввали ниманиҳоии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё 8-уми октябр ва бозиҳои ҷавобӣ 22-юми октябр баргузор хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG