Пайвандҳои дастрасӣ

Уго Чавес боз ба Маскав сафар мекунад


Уго Чавес, раисиҷумҳури Венесуэла имрӯз вориди Маскав хоҳад шуд. Ин саввумин сафари Чавес ба Русия дар се моҳи ахир аст. Раҳбари Венесуэла қабл аз ин ташриф дар Пекин бо мақомоти Чин чанд созиши ҳамкорӣ дар бахши энерҷиро имзо кард. Уго Чавес, яке аз мунаққидони ИМА, барои коҳиши вобастагии кишвар аз бозори Амрико талош дорад. Гуфта мешавад, ки дар музокироти ӯ бо мақомоти Русия низ баррасии мавзӯъи ҳамкориҳои энерҷӣ авлавият хоҳад дошт.

Тайи чанд соли ахир Маскав ва Каракас дар робита ба хариду фурӯши силоҳ ба маблағи чаҳор миллиард доллар созиш имзо карданд. Авоили ин ҳафта Русия барои тамринҳои муштарак бо Венесуэла ба соҳилҳои ин кишвар чанд киштии худро фиристод. Расонаҳои ғарбӣ менависанд, ки ин бузургтарин ҳузури низомии Русия дар қораи Амрико баъд аз хатми “ҷанги сард” аст.

XS
SM
MD
LG