Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи дувум дар Маҷмаъи кулли СММ


Ҳомид Карзай ва Бан Кӣ Мун, 24.9,2008
Ҳомид Карзай ва Бан Кӣ Мун, 24.9,2008

Дар Маҷмаъи кулли СММ президентҳои Афғонистон, Исроил ва сарвазири Чин назари кишварҳояшон дар ҳалли баъзе мушикилиҳои оламро матраҳ намуданд.

Раисҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай 24-уми сентябр дар паёмаш ба иштирокчиёни Маҷмаъи кулл гуфт, ки Афғонистони нерӯманд метавонад бо терроризм муборизаи беҳтар роҳандозӣ намояд. Ӯ аз аҳли олам даъват кард, ки дар таҳкими нерӯҳои мусаллаҳ ва пулиси Афғонистон саҳми бештар гиранд.
Раҳбари афғон ҳамчунин ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои байнулмилалии мустақар дар Афғонистонро, ки боъиси талафот дар байни мардуми мулкӣ шудаанд, мавриди интиқод қарор дода, таъкид намуд, ки талафот машруъияти мубориза бо терроризмро зери суъол қарор медиҳад. Раисҷумҳури Афғонистон бар ин ақидааст, ки ҷомиъаи ҷаҳонӣ бояд кумак ба артиш ва пулиси Афғонистонро ду баробар афзоиш диҳад, то, ба қавли ӯ, бо кумаки эшон афғонҳо тавонанд аз уҳдаи ҳимояи мардуми кишвар бароянд. Ин паёми раҳбари Афғонистон замоне нашр мешавад, ки ҳамлаҳои Толибон боъиси талафоти бештар шудаанд. Соли равон дар Афғонистон камаш 120 сарбози амрикоӣ, 104 сарбози байнулмилалии кишварҳои паймони NАТО ва беш аз 4500 ҷангҷӯй ба қатл расидаанд. Президенти Афғонистон ишора намуд, ки терроризм натанҳо ба Афғонистон, балки ба Покистону Ҳиндустони ҳамсоя низ таҳдиди бузургтарин аст.
Ҳ. Карзай кишварҳои минтақаро ба ҳамоҳангсозии мубориза бо даҳшатафканӣ даъват карда гуфт: "То замоне, ки ниҳодҳои пуштибони терроризм дар миқёси минтақа ва паноҳгоҳҳои онҳо аз байн нараванд, маҳви терроризм имкон надорад. Ин амал замоне имконпазир мешавад, ки ҳамкории самимонаи минтақавӣ ва байнулмилалӣ ташкил шавад".
Ҷорҷ У. Буш ва Шимон Перес қабл аз шурӯъи кори Маҷмаъи кулли СММ
Дар ин рӯз инчунин раҳбарони Чин, Куба ва Исроил аз минбари Маҷмаъи кулли СММ суханронӣ намуданд.
Аз ҷумла, Шимон Перес, президенти Исроил, суханронии рӯзи сешанбеи раисҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажодро ба танқид кашида, иддаъо намуд, ки Аҳмадинажод хатар ба мардуми Исроил ва умуман хатар ба аҳли олам аст: "Дар маркази ин хушунат ва таассуб Эрон қарор дорад. Ин кишвар ба тамоми олам таҳдид мекунад. Он даъвои пешвоии динӣ ва минтақавӣ дошта, ба воситаи ҷудоиандозӣ имкони пойдоршавии сулҳ дар Ховари Миёнаро коҳиш медиҳад".
Ба ақидаи президенти Исроил, Эрон мушакҳои дурпарвозро бо ақли кӯтоҳ омехта мекунад. Дар ҳамин ҳол, Исроил аз даъватҳои чандкаратаи маҳви Исроил, ки аз тарафи раисҷумҳури Эрон садо додааст, нигарон мебошад.
Дар суханрониаш сарвазири Чин Вен Ҷиабао кӯшиш кард, нигарониҳои аҳли олам аз афзоиши хароҷоти низомии ин кишварро барканор намояд. Ӯ гуфт, ки Чин мутобиқ ба ниёзмандиҳои дифоӣ ва танҳо бо ҳадафи ҳифзи соҳибистиқлоливу тамомияти арзии Чин масрафҳои низомии худро боло мебарад.
XS
SM
MD
LG