Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама таваққуфи маъракаи интихоботиро рад кард


Довталаби курсии президенти ИМА аз ҳизби ҷумҳурихоҳи ИМА Ҷон Маккейн маъракаи интихоботиро канор гузошта, ба Вашингтон баргашт, то ҳамроҳ бо қонунгузорони дигар дар ҳалли бӯҳрони молии ИМА саҳм гирад.

Дар ҳамин ҳол рақиби ӯ Барак Обамаи демократ даъвати Маккейн дар мавриди таъхири аввалин мубоҳисаи телевизиониро, ки бояд рӯзи ҷумъа баргузор гардад, рад кард. Обама гуфт, ки мардуми Амрико беш аз ҳар вақти дигар ҳозир бояд бубинанд, ки баҳси ӯ бо рақибаш Маккейн чӣ гуна сурат мегирад.
Комиссияи интихоби президенти ИМА низ даъвати Маккейнро рад намуда, нақша дорад, ки рӯзи ҷумъа мубоҳисаи телевизионӣ ташкил намояд.
Рӯзи чоршанбе Маккейн эълон кард, ки маъракаи пешазинтихоботиашро мутаваққиф намуда, ба Вашингтон бармегардад. Ӯ аз Обама ҳам даъват кард, ки ба ӯ пайравӣ кунад. Маъмурияти президенти ИМА Ҷорҷ Буш ба арзёбии вакилони Конгресс барномаи тахсиси 700 миллиард доллар барои наҷоти низоми молии ин кишварро матраҳ намудааст.
Интихоботи президентии ИМА моҳи ноябр доир хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG