Пайвандҳои дастрасӣ

Бонки марказии ИМА тибқи тақозо амал хоҳад кард


Раиси бонки марказии ИМА Бен Бернанке мегӯяд, ки амиқшавии бӯҳрони молии ин кишвар метавонад ба бузургтарин монеаи рушди соҳибкории ИМА табдил ёбад. Бернанке меафзояд, ки бонки марказӣ омодааст, тибқи тақозо амал кунад. Дирӯз Бернанке дар кумитаи муштараки иқтисодии Конгресси ИМА дар бораи барномаи тахсиси 700 миллиард доллар барои наҷоти иқтисоди ИМА маълумот дод.
Рӯзи сешанбе Бернанке ва вазири молияи ИМА Ҳенрӣ Полсон ба кумитаи бонкии Сенати ИМА изҳор намуданд, ки агар Конгресс ба зудӣ амал накунад, бӯҳрони молӣ метавонад тамоми бахшҳои иқтисоди кишварро фаро гирад. Пешбинӣ мешавад, ки вазири молияи ИМА низ ба кумитаи Конгресс тафсилот хоҳад дод.
Дар ҳамин ҳол расонаҳои амрикоӣ гузориш медиҳанд, ки Идораи Федералии тафтишоти ИМА (FBI) таҳқиқи эҳтимоли ҷой доштани фасод дар чор муассисаи бузурги молии ИМА-ро оғоз намудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG