Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА: Ҳавопаймои сарнагуншуда амрикоӣ набуд


Дирӯз низомиёни Покистон изҳор намуданд, ки ҳавопаймои бидуни сарнишини дар вилояти Ҷануби Вазиристон сарнагуншударо пайдо кардаанд. Дар ҳамин ҳол вазорати мудофиаи ИМА мегӯяд, ки дар минтақаи ёдшуда ҳавопаймои бидуни сарнишин гум накардааст. Ҷудо аз он низомиёни ИМА изҳор намуданд, ки рӯзи сешанбе муҳаррики як василаи нақлиёти ҳавоии амрикоиён дар вилояти Пактикои Афғонистон аз кор баромад ва низомиён ба зудтарин фурсат онро пайдо намуданд. То кунун Покистон ҳавопаймои сарнагуншударо намоиш надодааст.
XS
SM
MD
LG