Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қасри Сафед аз Маккейн ва Обама кумак хост


Қасри Сафед аз номзадҳои курсии президенти ИМА Ҷон Маккейни ҷумҳурихоҳ ва Барак Обамаи демократ хост, ки дар пайдо намудани созиш дар тасвиби барномаи тахсиси 700 миллиард доллар барои наҷоти низоми молии ин кишвар кумак расонанд. Сухангӯи Қасри Сафед хонум Дана Перино гуфт: "Маккейн ва Обама метавонанд дар такмили барнома кумак расонанд." Чанде пеш аз ин изҳороти Перино Маккейн гуфт, ки маъракаи пешазинтихоботиашро канор гузошта, ба Вашингтон бармегардад.
XS
SM
MD
LG