Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Укроин аз пойгоҳҳои хориҷӣ парҳез хоҳад кард


Укроин баъд аз соли 2017 бояд ба минтақаи бидуни пойгоҳҳои низомии хориҷӣ табдил шавад. Юлия Тимошенко, сарвазири Укроин ба думболи ин изҳорот ба зарурати татбиқи созиши миёни Киев ва Маскав дар бораи истиқрори Флоти баҳри сиёи Русия дар шаҳри Севастопол то соли 2017 ишора кард. Ӯ афзуд, ки дар оянда дар хоки Укроин ягон пойгоҳи низомии хориҷӣ мустақар нахоҳад шуд. Дирӯз Анатолий Сердюков, вазири дифоъи Русия гуфт, Маскав мехоҳад ҳузури нерӯҳои баҳрии кишвар дар Севастопол идома ёбад ва ба ин хотир омода аст маблағи иҷораро боло барад.

XS
SM
MD
LG