Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати 18 низомиву полис дар Диёл


Дар вилояти Диёли Ироқ дасти кам 18 корманди полис ва мусаллаҳони дастаи маҳаллии суннимазҳабҳо ба муҳосира уфтода кушта шуданд. Тибқи хабарҳо, онҳо дар як деҳа дар шимоли Бағдод ҷамъ омаданд ва ғайримунтазира мавриди тирборони гурӯҳи афроди мусаллаҳ қарор гирифтанд. Баъди ин ҳамла деҳа аз сӯи нерӯҳои ҳукуматӣ иҳота карда шуд ва аммо афроди мусаллаҳ аллакай ҷойи ҳодисаро тарк гуфта буданд.

XS
SM
MD
LG