Пайвандҳои дастрасӣ

Бернанке: Идомаи бӯҳрон фоҷиа барои иқтисод аст


Бен Бернанке, раиси Бонки Марказии Амрико имрӯз гуфт, ки "жарфтар шудани бӯҳрони молӣ барои рушди иқтисоди кишвар монеъаи аслӣ мегардад". Имрӯз Бен Бернанке ва вазири молияи Иёлоти Муттаҳида Ҳенрӣ Полсон бо аъзои кумитаи молияи Маҷлиси намояндагони Конгресс тарҳи пешниҳодкардаи Кохи Сафед барои тахсиси 700 миллиард доллар ба хотири наҷоти сохтори молияи кишварро баррасӣ карданд. Онҳо мутмаинанд, ки дар сурати коҳилии Конгресс дар пазируфтани ин тарҳ бӯҳрон ҳама бахшҳои иқтисоди кишварро фаро хоҳад гирифт. Вакилони Конгресс аз сарфи бузурги маблағ ва набудани кафолати ҳимояи молии молиётбидеҳҳои амрикоӣ нигаронанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG