Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаҳои мусаллаҳона дар пойтахти Ингушистон


Аз Назран боз дар бораи ҳамлаи мусаллаҳона хабар расид. Ин дафъа афроди ношинос мошини вазири молияи Ингушистонро ҳадафи тир қарор доданд.

Ронандаи мошин бо ҷароҳатҳои зиёд ба бемористон интиқол дода шуд. Ҳангоми рӯх додани ҳодиса вазир дар мошин набуд. Шаби сешанбе дар шаҳри Қарабулоқ ба мошини зиреҳпӯши муовини вазири умури дохила Вадим Селиванов аз гранатомёт тир андохтанд. Ба думболи ин, ба иттилоъи сомонаи интернетии “Ингушетия ру”, нимашаб афроди ношинос ба муҳофизони вазири умури дохилаи ҷумҳурӣ Мусо Медов ҳамла кардаанд. Як мошини зиреҳпӯш ва ду мошини дигари онҳо тарконида шуданд.

Ҳамчунин анбори силоҳи вазорати умури дохила мавриди тирборон қарор гирифт. Баъзе манбаъҳо хабар доданд, ки бар асари ду ҳодисаи ахир шаш нафар кушта шуда ва ду нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ва аммо дафтари матбуоти вазорати умури дохила дар мавриди ҳамла ба муҳофизони вазир изҳори бехабарӣ кард ва ҳамзамон мошини муовини вазир будани зиреҳпӯши инфиҷоркардаро зери шубҳа бурд.

Як корманди дафтари матбуот ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бар асари инфиҷор касе кушта ваё маҷрӯҳ нашудааст. Одамрабоӣ, ҳамла ба мақомоти расмӣ, кормандони милиса ва фаъолони аҳзоби мухолиф барои Ингушистон – ин ҷумҳурии қафқозии Русия ба як амри маъмулӣ табдил ёфтааст. Муҳаммад Мутсолгов, раиси созмони дифоъ аз ҳуқуқи башар “Машр” ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ки соли гузашта дар Ингушистон 12 ҳодисаи одамрабоӣ сабт шуд ва ин афод то ҳол беному нишонанд.

Коршиносон мегӯянд, ки вазъ дар Ингушистон баъд аз куштори соҳиби сомонаи интернетии “Ингушетия ру” Муҳаммад Евлоев ба карат нооромтар гардид. Ахиран кормандони ин сомонаи интернетӣ пажӯҳиши мустақилонаи куштори Евлоевро анҷом доданд ва феҳрасти афродеро нашр карданд, ки, ба фарзияи хабарнигорон, дар ин куштор даст доранд. Дар хатти аввали феҳраст Мурод Зязиков, раисиҷумҳури Ингушистон, ҷой гирифтааст ва ба навиштаи сомонаи интернетӣ фармони қатли Муҳаммад Евлоев аз сӯи ӯ содир шудааст. Дар ин феҳраст номи сарвари муҳофизони раисиҷумҳур Русланбек Зязиков ва вазири умури дохилаи Ингушистон Мусо Медов низ сабт шудааст.

Хабарнигорон навиштаанд, теъдоди зиёди кормандони вазорат дидаанд, ки чӣ гуна баъд аз ин ҳодиса Мусо Медов ва чанд корманди милиса бо либоси олудаи хун вориди вазорат шуданд. Муаллифони сомонаи “Ингушетия. Ру” натиҷа мегиранд, ки ин куштори Муҳаммад Евлоев – як амали тарҳрезишудаи сиёсист.

Олег Орлов, раиси созмони дидбони ҳуқуқи башари “Мемориал” дар Маскав, бо ин натиҷагирӣ мувофиқ аст: «Мо назари дигаре дорем, ба ҷуз он ки ин қатли барқасдонаи сиёсӣ ва занҷираи навбатӣ дар террорест, ки ҳукумат дар Қафқози шимолӣ шурӯъ кардааст. Ва на фақат дар Ингушистон, балки дар Чеченистону Доғистон ҳам».

Дар ҳамин ҳол бархе аз коршиносони минтақа ҳадс мезананд, ки шояд дар Ингушистон одати қадимаи “хун ба хун” дубора эҳё шавад ва ба қатли Бекҳам Зязиков, бародарзодаи раисиҷумҳур, аз сӯи афроди ношинос дар чанд рӯзи пеш ишора мекунанд.

XS
SM
MD
LG