Пайвандҳои дастрасӣ

Аҳзоби сиёсии Австрия, ки ба интихоботи порлумонӣ омодагӣ мегиранд, саъй мекунанд раъйи ҷавонон ва наврасонро ба даст оранд.

Соли 2007 дар Австрия қонуне қабул карданд, синни раъйдиҳиро аз 18 то ба 16 сол поён бурд ва теъдоде умумии раъйдиҳандагонро 93 ҳазор нафар афзуд. Аммо ин 93 ҳазор теъдоди каме нест, ва 3 дарсади ҷамъи тамоми раъйдиҳандагонро ташкил медиҳад, ки барои аҳзоби сиёсӣ рақами ниҳоят бузург аст.

То кунун танҳо наврасони 16 ва 17-солаи иёлати Глариси Швейтсария ва панҷ минтақаи Олмон иҷозаи раъйдиҳӣ доштанд. Манфред Зентнер аз Пажӯҳишгоҳи таҳқиқи фарҳанги зиндагии ҷавонон дар Австрия мегӯяд, мақсади поён бурдани синни раъйдиҳандагон он нест, ки аз рӯзи аввал ҷавонон давида, ба интихобот раванду раъй диҳанд. Ҳадаф ҷалби ҷавонон ба сиёсат аст.

Бо вуҷуди ин тақрибан 95 дарсади ин наврасони то 18-сола дар Австрия гуфтаанд, ки рӯзи якшанбе дар интихоботи умумӣ ширкат хоҳанд кард. Ду ҳизби бузургтарини сиёсии Австрия Ҳизби Сотсиал Демократ ва Ҳизби Муҳофизакор умедворанд, ки номзадҳои ҷавони онҳо Лаура Рудас ва Силвиа Фурман миллионҳо раъйи ҷавонони на танҳо синни поёнтар аз 18-сола, балки раъйи донишҷӯёну коргарони то 30 соларо низ ба даст меоранд.

Ҳарду ин номзадҳои ҳизб 27 сол доранд ва Лаура Рудас аз соли 2002 вакили мардумист ва Силвиа Фурман аз соли 2006. Хонум Фурман мегӯяд, онҳо бо роҳи мӯътамаде аз манфиати ҷавонон ҳимоят мекунанд ва талаботи онҳоро возеҳ медонанд.

Аммо Питер Швейнбергер, сухангӯи Иттиҳодияи Миллии Донишҷӯёни Австрия, бо хонум Фурман мувофиқ нест ва мегӯяд, номзадҳои ҷавон таъсири чандоне ба дастгоҳҳои тасмимгири аҳзоби худ надоранд.

Натиҷаҳои таҳқиқи Пажӯҳиши Фарҳанги Зиндагии Ҷавонон дар Австрия нишон додааст, ки дар корзори интихоботӣ асосан масъалаҳои муҳоҷират ва таҳсил мавриди таваҷҷӯҳи ҷавонон будааст.

Тамоми аҳзоби сиёсии Австрия барои ҷалби тарафдории ҷавонон роҳҳои тарғиботии содда ва дилхоҳи ҷавононро пеша кардаанд. Аз ҷумла дар сомонаҳои интернетии ҳизбҳо саҳифаҳои махсус барои ҷавононро метавон дид, ки веблог ва бозиҳои интернетӣ доранд. Ба гуфтаи пажӯҳишгар Манфред Зентнер забони тарғибот бояд барои ҷавонону ноболиғон фаҳмо ва содда бошад, вагарна ҷавонон зуд ба чизи дигар хоҳанд часпид.

Роҳи дигаре, ки номзадҳои ҳизбҳои сиёсии Австрия интихоб кардаанд, аҷиб аст. Ҳатто номзадҳои пешсафи интихобот, ки аксаран аз 40 то 60 сол доранд, дискоклубҳоро ҷойи вохӯрӣ барои мулоқот бо ҷавонон интихоб кардаанд.

Як роҳи дигари аҷиби дигар, ки Ҳизби Сотсиал Демократи Австрия пеша кардааст, “Иҷораи сиёсатмадор” унвон дорад, ки бар асоси он масалан як гурӯҳи ҷавонон метавонад, номзад ба вакилиро ба шабнишинии худ давъат кунанд. Ин ҳизб ҳамчунин барои ҷавонон бозии лотерея ташкил карда ва ба ғолиби билети консерти Маддонаро ваъда додааст, ки рӯзи 23 сентябр дар шаҳри Вена баргузор шуд.

Лаура Рудас аз Ҳизби Сотсиал Демократи Австрия гуфтааст, ки истифодаи ин роҳҳо барои ҷалби ҷавонон ба сӯи ҳизб роҳҳои қонунӣ аст, зеро худи ҷавонон фарқи барномаҳои аҳзоби сиёсиро мефаҳманд.

XS
SM
MD
LG