Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Cозмони байнулмилалии Шаффофият ва ё Транспаренси интернешнал Тоҷикистонро аз кишварҳои фасодзадатарини дунё номидааст.

Дар гузориши созмони байнулмилалии Шаффофият дар бораи мизони фасод дар саросари олам Тоҷикистон дар радифи Белорус, Лаос, Папуа-Гвинея мақом касб карда ва дар қиёс бо соли қабл як раддаи пойинтар қарор гирифтааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомоти кишвар фаъолияти худ алайҳи густариши фасод дар кишварро муваффақ меҳисобанд.

Ин барои бори аввал нест, ки созмони байнулмилалии Шаффофият ва ё Транспаренси интернешнал исми Тоҷикистонро дар қатори кишварҳои фасодзадатарини олам қарор медиҳад. Ин созмон умдатан вазъи фасод ва ришватро дар муассисоту корхонаҷот ва ниҳодҳои давлатӣ мавриди пажӯҳиш қарор медиҳад.

Дар гузориши созмони байнулмилалии Шаффофият дар соли ҷорӣ, Тоҷикистон назар ба соли гузашта як зина пойинтар мақом касб карда ва таъкид шудааст, ки давлат дар амри ҷилавгирӣ аз ин падидаи зиёновари иҷтимоӣ натавонистааст комёб шавад. Зимнан ин нукта аз ин гузоришро бархе аз пажӯҳишгарон ва коршиносони тоҷик низ таъйид мекунанд.

Абдувоҳид Шамолов, як муҳаққиқи тоҷик, ки дар иртибот ба вазъи фасод дар Тоҷикистон пажӯҳишҳои доманадореро анҷом додааст, бар дурустии арзёбии созмони Шаффофият таъкид кард. Вай гуфт, ба сурати умум наметавон як ниҳод ва ё муассисаи алоҳидаеро дар Тоҷикистон ном бурд, ки холӣ аз фасод ва фасодкорӣ бошад. Аммо ба ин далел, ки мардум бо бахши ҳифзи сиҳати омма ва омӯзишу парвариш мустақим ва ҳамарӯза робита дорад бар афзоиши мизони фасод дар ин арсаҳои давлат бештар ишора мекунад. Ба бовари оқои Шамолов, яке аз авомили густаришёбии фасод дар кишвар бетаваҷҷӯҳии ҷомае ба ин падидаи зарарбор низ мебошад.

Бархе дигар аз коршиносони тоҷик мегӯянд, Тоҷикистон кишвари фақир аст, ки иқтисоди ноустувор ва осебпазири он замина барои фасодро фароҳам кардааст ва аз тарафи дигар дар кишвар бештар афроди ғайриҳирфаӣ ва ғайримутахассис масъулиятҳои давлатиро ба ӯҳда доранд. Ва ин коршиносон мегӯянд, ки яке аз сабабҳои афзоиши фасодкорӣ дар Тоҷикистон ба дасти як тоифа ва намояндагони як маҳалл вогузоштани раҳбарии ниҳодҳои асосии давлат мебошад. Аз ин рӯст, ки талошҳои давлат алайҳи фасодкорӣ ва ришвахорӣ бесамар анҷом ёфтааст.

Аммо Шерхон Салимов, раиси Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, мӯътақид аст, ки иқомоти давлат ҷиҳати мубориза бо фасод ҷиддист ва дар ин замина ба пешравиҳои қобили мулоҳиза даст ёфтаанд.

Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз сӯи давлати Тоҷикистон бо ҳадафи мубориза бо ришват ва фасод дар ниҳодҳои давлатӣ дар ду соли қабл такшил ёфта буд. Ин ниҳод бевосита ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон итоат мекунад. Аммо бо гузашти ин ду сол аз боздошти мансабдорони сатҳи болои давлат гузориш нашр накардааст.

Ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар соли равон Сандуқи байнулмилалии пул мақомоти Тоҷикистонро дар ироаи маълумоти дурӯғомез ва масрафи номуайяни 47 миллион доллар қарзи ин ниҳод айбдор меҳисобанд. Ва бо тақозои ин муассисаи молӣ ва созмонҳои дигари байнулмилалӣ Тоҷикистон ногузир шудааст барои санҷиши шаффофияти фаъолияти бархе аз корхонаҷоташ, аз ҷумла ширкати «Барқи тоҷик», Бонки Миллӣ ва корхонаи арзиз мавсум ба «Талко», аудит ва ё таҳқиқи байналмилалӣ эълон кунад.

XS
SM
MD
LG