Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Суханрониҳои нахустин дар Маҷмаъи умум


Қарор аст, имрӯз, 24 сентябр Ҳомид Карзай - раисҷумҳури Афғонистон дар Маҷмаъи умумии СММ дар Ню-Йорк суханронӣ кунад.

Ин суханронӣ дар ҳоле анҷом мегирад, ки ду рӯз пеш Шӯрои амнияти СММ ба иттифоқи раъйҳо ҳузури нирӯҳои НАТО дар Афғонистонро тамдид кард. Дар ҷараёни баррасии ин масъала дар Шӯрои амният аз афзоиши шумораи ғайринизомиёни кушташуда дар Афғонистон интиқод карданд ва гуфтанд, ки паймони НАТО ва нирӯҳои эътилофи зери фармондеҳии Амрико бояд барои ба ҳадди ақал расонидани куштор дар Афғонистон талош бикунанд.

Ба ақидаи коршиносон, оқои Карзай зимни суханронии худ хоҳад хост, ки Амрико ва кишварҳои кӯмаккунанда барои тақвияти артиши Афғонистон пулу таҷҳизоти бештари ҷангӣ дар ихтиёри ин кишвар бигзоранд. Оқои Карзай дирӯз, 23 сентябр, дар ҳошияи иҷлоси Маҷмаъи умумӣ дар мулоқот бо Ҷомеъаи Осиё изҳор дошт, ки наметавон дар рустоҳои Афғонистон бар терроризм пирӯз шуд, зеро ин ҷанг миқёси минтақаӣ дорад.

Дар Маҷмаъи умумии СММ раҳбарони кишварҳои дигар, аз ҷумла, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон низ суханронӣ мекунанд. Ин суханронӣ барои рӯзи панҷшанбе, 25 сентябр, дар назар гирифта шудааст.

Дар нахустин рӯзи кори иҷлоси Маҷмаъи умумӣ дар рӯзи 23 сентябр суханронии Маҳмуди Аҳмадинажод, раисҷумҳури Эрон ва Михаил Саакашвилӣ, раисҷумҳури Гурҷистон бештар таваҷҷӯҳи маҳофили байнулмилалиро ба худ ҷалб кард. Суханронии Маҳмуди Аҳмадинажод аз ин нуқтаи назар вокунишҳоро ба бор овард, ки вай бори дигар таъкид кард, ки Эрон аз барномаҳои ҳастаии худ даст барнамедорад, зеро ин барномаҳо аҳдофи сулҳомезро дунбол мекунанд.

Маҳофили байнулмилалӣ бар ин ақидаанд, ки Эрон махфиёна даст ба иҷоди аслиҳаи ҳастаӣ мезанад. Нуктаи дигаре, ки дар суханронии раисҷумҳури Эрон ҳозиринро мутааҷҷиб кард, ин аст, ки вай зимни ҳамлаҳои лафзиаш ба Исроил аз вожаи "одамкушони саҳюнист" истифода кард. Билофосила, Барак Обама Аҳмадинажодро барои "яҳудиситезӣ" муттаҳам кард. Шимон Перес, раисҷумҳури Исроил низ дар посух гуфт, бори аввал аст, ки раҳбари як кишвар дар таърихи СММ ошкоро иттиҳомоти зишту сиёҳро матраҳ мекунад.

Дар иҷлоси Маҷмаъи умумӣ яке дигар аз нотиқон Михаил Саакашвилӣ, раисҷумҳури Гурҷистон буд. Вай суханони худро бо ин оғоз кард, ки барои густариши демократия ва мубориза бар зидди тавсеъаи доманаи таҷовуз ва худсарӣ аз ҷониби Русия бояд дар Гурҷистон "инқилоби дуввуми садбаргӣ" оғоз шавад. Раҳбари Гурҷистон аз СММ хост, то дар баробари поксозиҳои қавмӣ, таҷовузи мусаллаҳона, ишғолгарӣ ва сӯиқасд ба ҷони давлатмардон хамушӣ ихтиёр накунанд.

XS
SM
MD
LG