Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пхенян пажуҳиши барномаи ҳастаияшро идома медиҳад


Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ (МАГАТЭ) хабар дод, ки мақомоти Кореяи Шимолӣ мӯҳрҳои сурбӣ аз реактори ҳастаии Ёнгбонро кандаанд. Пхенян ҳамчунин ба нозирони таслиҳотии СММ хабар дод, ки баъд аз як ҳафта корхонаи ғанисозии ураниум дубора фаъол хоҳад шуд. Мақомоти Кореяи Шимолӣ ҳамчунин эълом доштанд, ки аз ин баъд нозирони МАГАТЭ ба реактори Ёнгбон дастрасӣ нахоҳанд дошт. Хен Хак Бон, намояндаи вазорати умури хориҷаи Кореяи Шимолӣ гуфт, ин тасмимҳо баъди он гирифта шуданд, ки ИМА нуктаҳои созиш оид ба қатъи барномаи ҳастаии Кореяи Шимолӣ ба ивази кумаки иқтисодиро иҷро накард. Ин созиш соли гузашта дар нишасти “шашгона” – Кореяҳои Шимоливу Ҷанубӣ, ИМА, Ҷопон, Русия ва Чин оид ба барномаи ҳастаии Кореяи Шимолӣ ҳосил шуда буд.

Моҳи август Пхенян эълом дошт, ки барномаи ҳастаии худро идома медиҳад, зеро Вошингтон хилофи ваъдаҳояш Кореяи Шимолиро аз феҳрасти кишварҳои пуштибони терроризм хориҷ накард.

XS
SM
MD
LG