Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Асо хостори афзоиши кумак ба нерӯҳои Эътилоф шуд


Таро Асо, сарвазири нави Ҷопон аз тарҳи густариши ширкати кишвар дар амалиёти зиддитеррор дар уқёнуси Ҳинд ҷонибдорӣ кард. Ӯ имрӯз баъди пазируфта шуданаш дар маснади раиси Кобинаи вазирон барои нахустин нишасти хабарӣ доир кард. Киштиҳои ҷопонӣ дар уқёнуси Ҳинд ба нерӯҳои эътилофи байнулмилалии мустақар дар Афғонистон кумаки молӣ ва техникӣ мерасонанд.

Рӯзи чаҳоршанбе палатаи поёнии порлумони Ҷопон Таро Асоро дар маснади сарвазири кишвар пазируфт. Чанд рӯз пеш Асо сарвари ҳукумат Ясуо Фукударо, ки қаблан истеъфо дода буд, дар мақоми раиси ҳизби ҳукмрони Либерал-демкоратӣ иваз карда буд. Таро Асо баъди машварати вакилони палатаҳои поёнӣ ва болоии порлумон расман ба ифои вазифаи сарвазири Ҷопон шурӯъ мекунад.

XS
SM
MD
LG