Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бист миллиард доллар зиёни Русия аз фасод


Рашид Нургалиев, вазири умури дохилаи Русия изҳор намуд, ки бар асари фасод ҳамасола кишвар 20 миллиард доллар зиён мебинад. Ин изҳорот дар нишаст оид ба мубориза бо фасоду ришват дар шаҳри Маскав садо дод. Сергей Наришкин, раҳбари маъмурияти раисиҷумҳури Русия гуфт, ки дар мубориза бо фасод бояд ба мусодираи молу амволи ғайриқонунӣ ба даст омада авлавият дода шавад. Ӯ ҳамчунин хабар дод, барои кормандони ҳифзи тартиботе, ки вазоифи худ дар бахши мубориза бо фасодро софдилона иҷро мекунанд, ҷоизаи пулӣ муқаррар хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG