Пайвандҳои дастрасӣ

Хуруҷи маризии сиёҳзахм дар Қирғизистон


Мақомоти Қирғизистон аз доман густардани бемории сӯхтанӣ, ё сиёҳзахм, дар манотиқи ин кишвар ибрози нигаронӣ карданд.

Элмира Иброҳимова, ноиби нахуствазири Қирғизистон, мегӯяд, ки дар ҳамин ҳол 72 ҳодисаи ба ин беморӣ гирифтор шудани шаҳрвандони кишвараш ба қайд гирифта шуд. Ноиби нахуствазир афзуд, ки чунин ҳол ҳам мақомот ва ҳам дастандаркорони идораҳои марбутаи кишварашро водор менамояд, ки дар мавриди ҷилавгирӣ аз доман густардани ин беморӣ дар миёни аҳолӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Ба гуфтаи Холисбек Ҷумахонов, мудири департаменти давлатии ветеринарии Қирғизистон, дар ҳоли ҳозир 1190 манбаъи бемории сӯхтанӣ, ё сибирская язва дар қаламрави ин кишвар муайян карда шудааст. Оқои Ҷумахонов меафзояд, ки бештари ин манбаъҳо дар вилояти Чуй ошкор карда шуд. Ба гуфтаи ӯ, аммо дар вилояти Ҷалолобод 353 ва вилояти Ӯш 245 манбаъи сиёҳзахм мавҷуд будааст.

Холисбек Ҷумахонов мегӯяд, ки агар пӯсти кас ба бемории сӯхтанӣ гирифтор шавад, дар он сурат муолиҷаи он барои пизишкон чандон мушкилоти печдарпеч эҷод нахоҳад кард. Ин манбаъ меафзояд, вале агар узвҳои дарунии одам, чун шуш, ҷигар ва амсоли он ба бемории сӯхтанӣ мувоҷеҳ шаванд, барқарор кардани саломатии чунин беморон хеле мушкил хоҳад шуд.

Бар асоси суханони мудири департаменти давлатии ветеринарии Қирғизистон сабабҳои сар задании ин беморӣ риоя накардани қоидаҳои ветеринариву санитарии соҳибони ҳайвонот ва пурра ба ваксинасия фаро гирифта нашудани ҳайвонот мебошад. Холисбек Ҷумахонов афзуд, ки аз як ҷо ба ҷои дигар бидуни назорат интиқол додани ҳайвонот низ мунҷар ба сар задани бемории сӯхтанӣ хоҳад шуд.

Мавсуф таъкид кард, ки ба гумони сироят аз бемории сиёҳзахм дар вилояти Ҷалолобод 13 нафар, дар вилояти Ӯш 20 нафар, дар вилояти Ботканд 11 нафар ва дар вилоятҳои Иссиқкӯл ва Талас якнафарӣ ошкор карда шуданд. Гуфта шуд, ба ҳар сурат мушкилоти асосӣ пайдо кардани манбаъҳои ин беморӣ ва таҳти назорат қарор додани он мебошад.

Тавре ки Холисбек Ҷумахонов мегӯяд, сифати ваксинасияҳои тавлидоти маҳаллӣ хеле паст буда, ҳукумат дар соли 2008 барои ҷалавгирӣ аз бемориҳои хатарнок 52 миллион сом ё муодули якуним миллион доллар ихтисос дод, ки маблағи кам аст. Ин манбаъ афзуд, агар ба ин маблағ ваксина харидорӣ шавад, бештар аз ними ҳайвонот бидуни васинасия хоҳад монд.

Холисбек Ҷумахонов зарурати ҷалби сармояҳои хиориҷиро дар ин маврид таъкид кард ва афзуд, ки Қирғизистон дар ояндаи наздик дар барномаҳои Бонки ҷаҳонӣ ва Комиссиюни Аврупоӣ, ки 9 миллион доллари амрикоӣ ихтисос додаанд, ҳамчунин лоиҳаҳои донории дигар ширкат хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG