Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи наҷоти низоми молии ИМА мавҷуд аст?


Ҳ. Полсон (аз чап) ва Б. Бернанке
Ҳ. Полсон (аз чап) ва Б. Бернанке

23-вуми сентябр аъзои кумитаи бонкии Сенати ИМА вазири молияи ин кишвар Ҳенрӣ Полсон ва раиси бонки марказии ИМА Бен Бернанкеро барои арзёбии лоиҳаи барномаи наҷоти низомии молии ин кишвар даъват карданд.

Ба қавли ин мансабдорони амрикоӣ, вакилони мардумӣ бояд ҳарчи зудтар барои аз байн бурдани мушкили низоми молӣ тахсиси 700 миллиард долларро тасдиқ намоянд.
Ҳенрӣ Полсон (Henry Paulson) ба аъзои Кумитаи бонкии Сенат гуфт, ки идомаи буҳрони молӣ барои иқтисоди ИМА пайомади ногувор хоҳад дошт: "Ҳафтаи гузашта мо шоҳиди он будем, ки нооромӣ ба марҳилаи нав расида, ба дигар соҳаҳои иқтисод таъсир кард. Мо бояд иқдомҳои муҳимми баъдиро татбиқ намуда, ба таври фарогиру зербиноӣ заминаи парешонии ҳозираро аз байн барем".
Ин суханони Полсон ба сенатори демократ Кристофер Дод зиёд хушоянд набуданд. Ӯ гуфт, ки барномаи ҳукуматӣ ҳифзи ширкатҳои молиро ҳадаф қарор дода, дар бораи ҳимояи муштариёни ин ширкатҳо иқдоме мадди назар нагирифтааст. Ба ақидаи сенатор Дод, барнома ба се модда – кафолати воқеъии масрафи оқилонаи маблағҳои андозсупорон, барномаи назорати масрафи чунин маблағи бузурги молӣ ва кафолати он, ки бо иҷрои ин барнома ҷилави буҳрони маскан гирифта мешавад, – ниёз дорад.
Дар ҳамин ҳол, Қасри Сафед аз вакилони Конгресс даъват кардааст, ки барномаи рафъи буҳрони молиро то охири ҳафтаи равон ба тасвиб расонанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки барномаи ҳукуматро ҳатто баъзе сенаторони ҳизби ҳокими ҷумҳурихоҳ низ танқид карданд. Яке аз онҳо, Ҷон Шелбӣ аз аёлати Алабама, мегӯяд: "Барномаи вазорати молия барои афроди берун аз низоми молӣ ҳечнафъе надорад. Барнома наҷоти ҳамон ниҳодҳои молиро дар назар гирифтааст,ки бо тақдими қарзҳои номураттаб ва таслими он ба дигарон буҳрони ҳозираро эҷод намудаанд".
Шелбӣ ҳамчунин изҳори нигаронӣ кардааст, ки ҳатто дар ҳоли масрафи чунин пули зиёд кафолати раҳоӣ аз буҳрон вуҷуд надорад.
Дар ҷавоб ба ташвиши сенаторон Полсон таъкид кард, ки қабули зудтарини барнома ба нафъи ҳамаи ҷонибҳост. Ӯ ёдовар шуд, ки ҳукумат ду ширкати зери назорати давлат ва як ширкати бимаро наҷот додааст. Ба бовари вазири молияи ИМА, варшикастагии ин ширкатҳо на танҳо ба иқтисоди ИМА, балки ба иқтисоди саросари олам таъсири таъсири манфӣ мегузошт.
Раиси бонки марказии ИМА Бен Бернанке (Ben Bernanke) низ ошкоро ба вакилони мардумӣ ҳушдор дод, ки худдорӣ аз пуштибонии барномаи рафъи буҳрон ИМА-ро бо хавфи рукуди иқтисод мувоҷеҳ мекунад: "Бозорҳои молӣ дар вазъи заъифе қарор доранд. Ширкатҳои ғайри молӣ имкон надоранд, ки дар як шаб худро бо пул таъмин кунанд. Ин вазъ ҳамчунон ба онҳое таъсир мегузорад, ки пасандоз доранд, зеро афзиши он зери таъсир қарор мегирад".
Ба гуфти Бернанке, набудани барномаи наҷот ширкатҳои молиро ҳамчун монеъае дар муолиҷаи иқтисод нигаҳ медорад.
Дар ҳамин ҳол, шореҳон бар ин назаранд, ки сарфи назар аз баҳсҳо барномаи наҷот эҳтимол бо каме тағйиру иловаҳо ҳамин дар ҳафтаи равон ва ё ҳафтаи оянда ба тасвиб расад.
XS
SM
MD
LG