Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳавопаймои бидуни сарнишини ИМА суқут кард


Назар ба гузоришҳои расида дирӯз як ҳавопаймои хурди бидуни сарнишини ИМА дар минтақаи қабилаҳои Покистон дар ҳамон ҷое, ки Толибон ва Ал-Қоида фаъол мебошанд, сарнагун шудааст. Низомиёни ИМА мегӯянд, ки онҳо мунтазири гузориш дар ин бора ҳастанд.
Дурӯз пеш мансабдорони покистонӣ гуфта буданд, ки онҳо дар ҳарими ҳавоии Покистон ба тарафи як чархболи низомии ИМА оташ кушода, ӯро ба бозгашт водор намуданд.
Ин дар ҳолест, ки дирӯз президенти ИМА Ҷорҷ Буш бо раисҷумҳури тозаинтихоби Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ барои аввалин бор мулоқот намуд.
XS
SM
MD
LG