Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурҷистон аз СММ назорати оташбасро дархост намуд


Президенти Гурҷистон Михеил Саакашвилӣ аз СММ даъват кард, ки ин созмон ба Русия иҷозат надиҳад пояҳояшро аз байн барад.
Дар Маҷмаи кулли СММ Саакашвилӣ иброз дошт, ки таҷовузи моҳи гузаштаи Русия ба хоки Гурҷистон "таҳдиди умумӣ" мебошад.
Раҳбари гурҷӣ даъват кард, ки низои панҷрӯза миёни Русияву Гурҷистон дар Осетияи Ҷанубӣ мавриди таҳқиқи ниҳоди байналмилалии мустақил қарор гирад.
Ҳамчунон президенти Гурҷистон аз СММ хост, ки созиши оташбасро муроқибат намояд.
XS
SM
MD
LG