Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод: Эрон аз ҳаққи худ даст намекашад


Президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод мегӯяд, ки сарфи назар аз фишори баъзе кишварҳо Эрон аз ҳаққи истифодаи осоиштаи нерӯи ҳаставӣ даст намекашад. Аҳмадинажод дар паёмаш ба иштирокчиёни Маҷмаи кулли СММ гуфт, ки давраи "императории Амрико" ба поён мерасад ва раҳбарони ояндаи ИМА "дахолаташонро дар марзҳояшон маҳдуд хоҳанд кард". Аҳмадинажод афзуд, ки ҳузури паймони НАТО дар Афғонистон боиси афзоиши мушкили маводи мухаддир дар ин кишвар шудааст. Ҳамчунон раҳбари эронӣ НАТО-ро масъули нооромиҳои ахири Гурҷистон номид.
XS
SM
MD
LG