Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси ирсоли нерӯҳои иловагӣ ба Афғонистон


Вазири мудофиаи ИМА Роберт Гейтс мегӯяд, ки дар ибтидои соли 2009-ум то се бригадаи ҷангии ИМА барои ирсол ба Афғонистон омода мешаванд. Аснои сӯҳбат дар Кумитаи хадамоти низомии Сенати ИМА Гейтс иброз дошт, ки феълан бидуни тағйири муддати амалиёти низомии нерӯҳо ва ҳамчунон тағйири макони ҷойгиршавии нерӯҳо афроди бештаре дар ихтиёр нест. Вазири мудофиаи ИМА афзуд, ки шояд дар баҳор ва тобистони соли оянда нерӯи бештаре дар ихтиёр шавад. Як фармондеҳи воломақоми нерӯҳои ИМА дар Афғонистон мегӯяд, ки бар иловаи 3700 сарбозе, ки ибтидои соли 2009-ум ба Афғонистон фиристода мешаванд, ӯ боз ба 10000 афсару сарбози нерӯҳои заминӣ эҳтиёҷ хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG