Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Лағви парвозҳои ҳавопаймоҳои Британия ба Покистон


Ширкати ҳавоии Бритиш Эйрвейс (British Airways) бо ишора ба нигарониҳои амниятӣ эълон кард, ки парвози ҳавопаймоҳояш ба Покистонро ба муддати номуайян мутаваққиф намудааст. Ҳафтаи гузашта бомбгузори маргталаб дар шаҳри Исломободи Покистон мошини саршор аз маводи мунфаҷирро тарконида, ҳаёти камаш 53 нафарро аз байн бурд. Ҳавопаймоҳои мусофирбари Бритиш Эйрвейс шаш дафъа дар ҳафтае аз Лондон ба Исломобод парвоз мекарданд. Ширкати ҳавоии Британия изҳор намудааст, ки амнияти муштариён, ходимони ин ширкат ва ҳавопаймоҳо дар ҷои аввал аст. Аммо ширкати ҳавоии Покистон парвоз дар хат-сайри Лондон-Исломободро мисли пештара чор дафъа дар ҳафта идома хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG