Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми охирини Буш дар Маҷмаъи умумии СММ


Normal 0

Раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш имрӯз дар паёми охиринаш дар Маҷмаъи умумии СММ хостори иттиҳоди ҷаҳон дар ҷанг алайҳи терроризм ва ифротгароӣ шуд. Буш, ки курсии раёсатҷумҳуриро дар моҳи январ тарк мекунад, кишварҳое, назири Сурия ва Эронро дар идомаи пуштибонӣ аз терроризм айбдор кард ва аз ҷомиаи байналмилалӣ хост, алайҳи онҳо таҳримот ҷорӣ кунад.

Ҷорҷ Буш ҳамчунин таҷовузиРусия ба хоки Гурҷистонро нақзи муқаррароти СММ дар бораи баробарии ҳуқуқи кишварҳои хурду бузург номид. Қарор аст, имрӯз дар Маҷмаъи умумии СММ руъасои ҷумҳуриҳои Гурҷистону Эрон Михаил Саакашвили ва Маҳмуди Аҳмадинажод низ суханронӣ кунанд.


XS
SM
MD
LG