Пайвандҳои дастрасӣ

Сатҳи фасод дар кишварҳои ҷаҳон


Акси сомонаи созмони Transparency International

Акси сомонаи созмони Transparency International

Transparency International сатҳи фасод дар 180 кишвари ҷаҳонро арзёбӣ кард. Тоҷикистон аз рӯи ин шохис дар хати 151-ум ҷой гирифтааст.

Дар феҳрасти таҳиякардаи ин созмон сатҳи фасод шурӯъ аз сифр, яъне баландтарин то 10 хол- яъне пойинтарин баҳогузорӣ шудааст. Тибқи гузориш, айни ҳол сатҳи фасод дар Дания, Зеландияи нав ва Шветсия аз ҳама пойинтар аст. Дар феҳрасти Transparency International Сингапур бо 9,2 хол дар мақоми чаҳорум ҷой гирифтааст. Аз нигоҳи муаллифон, фасод дар Финляндия, Швейсария, Исландия, Ҳуланд, Австралия ва Канада ҳам аҳён-аҳён ба мушоҳида мерасад.

Ҳамзамон Transparency International се кишвар – Сомалӣ, Ироқ ва Мянмарро фасодзадатарин дар олам арзёбӣ кардааст. Ҳаитӣ, Афғонистон, Судон, Чад, Гвинея ва Конго низ дар поёни феҳрасти созмон қарор доранд. Дар қиёс ба соли гузашта, тибқи гузориши Transparency International, шохиси фасод дар Булғористон, Бурундӣ, ҷазираҳои Малдив ва Норвегия пойин ва дар Албания, Қибрис, Гурҷистон, Маврикия, Уммон, Қатар, Кореяи ҷанубӣ ва Туркия каме боло рафтааст.

Муаллифони гузориш ба фасод дар сохтори додгоҳии кишварҳои фақир ва нотавонии порлумонҳои ин кишварҳо барои мубориза бо ин ҷиноят ишора кардаанд. Дар кишварҳои пешрафтаи олам далелҳои ришватдиҳии ширкатҳои хориҷӣ ва фасод зимни имзои қарордодҳо дар муассисаҳои молия бештар мушоҳида мешавад.

Аз нигоҳи Transparency International нумӯъи фасод дар кишварҳои фақир дар мубориза бо фақру қашшшоқӣ ва расидан ба аҳдофи Барномаи Ҳазора монеъа эҷод мекунад. Аз ҷумла, Иттиҳодияи Африқо эълом доштааст, ки фасод ҳамасола ба ин қора ба 148 миллиард доллар зиён меоварад, ки ба буҷаи се кишвар - Кения, Танзания ва Камерун баробар аст.

Ҳуҷит Лабел, раиси Transparency International зимни муаррифии гузориш дар Берлин гуфт, ки “сатҳи баланди фасод боиси идомаи фалокати башарӣ мегардад, ки ғайри қобили қабул аст”. Ӯ афзуд, “дар кишварҳои фақир, вақте, ки маблағ барои бемористон ва ё барои поксозии об ба ҷайби афроди масъул меравад, фасод маънии маргу зиндагиро дорад”.

Дар феҳрасти Transparency International Тоҷикистон ҳамроҳ бо Белорус бо 2 хол дар хати 151-ум ҷой гирифтааст. Се кишвари дигари Осиёи Марказӣ - Туркманистон, Қирғизистон ва Узбакистон 15 зина пойинтар аз Тоҷикистон қарор доранд. Қазоқистон дар мақоми 145 –ум ва Русия дар хатти 147-ум ҷой гирифтаанд ва онҳо чун Тоҷикистон ба сафи 40 кишвари дорои сатҳи баланди фасод шомиланд.

Дар гузориши Transparency International омадааст, ки “миёни кишварҳои Ҷомеъаи муштаракулманофеъ вазъ фақат дар Гурҷистон беҳбуд ёфтааст ва ҳамзамон рейтинги Русия ва Укроин чун пештара пойин меравад”. Ба иттилоъи ин созмон, фасод қариб ҳама бахшҳои ҷомеъи Русия – сиёсат, ҳифзи тартибот, додгоҳ, тиҷорат, беҳдошт ва маорифро фаро гирифтааст. Transparency International ба нақшаи раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев барои аз беху бун баркандани фасод бо назари шубҳа менигаранд. Дар гузориш омадааст, “мавҷудияти чунин нақша сатҳи фасод дар кишварро пойин намебарад”. Муаллифон мутмаинанд, “то он замоне, ки назорати татбиқи ин нақша бар дӯши мақомоту мансанбдорон аст ва ҷомеъа ба он бетарафона назар медӯзад, гумон аст, ки вазъ беҳбуд ёбад”.

XS
SM
MD
LG