Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамкории Кобул ба хотири раҳоии Фароҳӣ


Normal 0

Вазорати хориҷаи Афғонистон имрӯз як ҳайъатро барои ҳамкорӣ бо мақомоти Покистон дар амри таъмини раҳоии дипломати рабудашудаи афғон ба Исломобод фиристодааст.

Абдулхолиқ Фароҳӣ, консули Афғонистон дар Пешовар, рӯзи душанбе ҳангоми саёҳат дар шаҳр рабуда шуд. Ронандаи мошини ӯ дар ҷараёни ин ҳамла кушта шуд.

Фароҳӣ ахиран сафири Афғонистон дар Покистон таъйин шуд, вале ҳанӯз расман ба ифои он вазифа напардохта буд.


XS
SM
MD
LG