Пайвандҳои дастрасӣ

Даргириҳои хунин дар сарзаминҳои қабиланишин


Normal 0

Артиши Покистон мегӯяд, нирӯҳояш таҳти ҳимояти оташи чархболҳову тӯпхонаҳо тайи задухӯрдҳои 2 рӯзи охир дар сарзаминҳои қабиланишини шимолу ғарби ин кишвар беш аз 50 ҷангии исломиро ба ҳалокат расондаанд.

Сухангӯи артиш Муродхон гуфт, дар даргириҳо дар Дараи Одамхел як сарбози давлат низ кушта шудааст. Ӯ афзуд, нирӯҳои давлат рӯзи душанбе як нақби муҳим дар ин минтақаро, ки аз моҳи гузашта таҳти тасарруфи ҷангиён қарор дошт, дубора ба назорати худ даровардаанд.

Мақомоти Покистон қаблан дар бораи ҳалокати 10 ҷангӣ дар канораи Хор, бузургтарин шаҳри минтақаи қабиланишини Боҷаур, хабар дода буданд.


XS
SM
MD
LG