Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Кауҳаёкӣ дасти кам 9 нафар кушта шудаанд


Normal 0

Пулиси Финландия мегӯяд, дар асари тирандозии як марди силоҳбадаст дар як омӯзишгоҳи ҳунарӣ дар шаҳри Кауҳаёкӣ дасти кам 9 нафар кушта шудаанд. Дар ҷараёни ин тирандозӣ дар ғарби Финландия чандин нафари дигар захмӣ шудаанд.

Бино ба гузоришҳо, марди мусаллаҳ ба ҷони худ низ қасд кардааст, вале танҳо ҷароҳат бардоштааст. Гуфта мешавад, ки ӯ 22 сол дошта, аз донишҷӯёни ҳамин омӯзишгоҳ будааст.

Як сол пеш як мусаллаҳи дигар дар ҷануби Финландия 8 хонандаи мактабро кушта, сипас даст ба ҷони худ зада буд.
XS
SM
MD
LG