Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тирпарронӣ дар мактаб дар Финландия


Як шогирди яке аз макотиби шаҳри Каухайоки дар Финландия дар дохили мактаб тирпарронӣ кардааст.

Мири ин шаҳр гуфтааст, дар натиҷа чанд нафар кушта шудаанд, вале ин хабар аз ҷониби пулис ҳанӯз тадсиқ наёфтааст.

Хабарҳо дар мавриди сарнавишти муҷрим низ зидду нақиз аст. Бархе аз манобеъ мегӯянд, ӯ худро куштааст, бино бар ахбори баъзе сарчашмаҳои дигар ӯ боздошт шудааст.

Тирпарронӣ тақрибан соати 11-и субҳ оғоз шудааст. Дар ин ҳангом дар дохили бинои мактаб тахминан 200 шогирд қарор доштаанд. Дар шаҳри Каухайоки 14 ҳазор нафар ба сар мебаранд.

Ин нахустин чунин воқеа дар Финландия нест. Моҳи ноябри соли гузашта дар шаҳраки Туусла дар натиҷаи чунин як ҳодиса 8 нафар кушат шуда буданд.

Ҷиноятҳо бо истифода аз силоҳ дар Финландия хеле ба нудрат рух медиҳанд.

XS
SM
MD
LG