Пайвандҳои дастрасӣ

Уфти қимати саҳом дар бозорҳои бурси Амрикову Осиё


Normal 0

Қимати саҳом дар бозорҳои бурси Осиё субҳи сешанбе пойин рафт. Уфти қимати саҳом дар бозорҳои Осиё ба дунболи беш аз 3 дарсад пойин рафтани қимати саҳом дар Уолл Стрит, маркази молии Амрикост. Бозорҳои бурси Амрико, ба ин тартиб, рӯзи душанбе пешрафти ҳайратангезеро, ки рӯзи ҷумъа ноил шуда буданд, аз даст доданд. Сармоядорон аксаран шубҳа доранд, ки барномаи 700-миллиарддолларии аз сӯи давлати Амрико пешниҳодшуда тавонад эътимод ба низоми молии Амрикоро эҳё кунад. Дар ҳамин ҳол, Goldman Sachs ва Morgan Stanley, ду бонки бузурги сармоягузории Амрико, зери чатри давлат мераванд. Бонки федеролии Амрико дархости ҳардуро пазируфта, ин бонкҳоро ба ширкатҳои ҳолдингӣ табдил додааст.


XS
SM
MD
LG