Пайвандҳои дастрасӣ

Фирори ду маҳбуси афғон


2 шаҳрванди Афғонистон, ки барои марзшиканӣ ва муомилоти ғайриқонунии мухаддирот ба муҳлатҳои гуногун маҳкум шуда буданд, аз маҳбаси муваққатии Хоруғ фирор карданд.

Сухангӯи Раёсати корҳои дохилаи Бадахшон Мизроб Доробов гуфт, ки шаҳрвандони Афғонистон бо исми Даврон валади Парпишо ва Қурбонназар валади Имомназар рӯзи 22-юми сентябр тақрибан соати 16-ву 15 дақиқа ба вақти маҳал фирор карданд. Вай гуфт, ки ин маҳбусон дар як канораи шаҳр ба сохтмони маҳбаси нав машғул буда, дар ҳолати номаълум нозиронро дар ғафлат дарёфта гурехтанд.

Ба гуфтаи манбаъ, ин маҳбусон яке 18 ва дигаре 19 сол дошта, сокинони деҳоти Дишор ва Виёди вулусволии Шуғнони Афғонистон буданд.

Мақомоти қудратии вилоят барои ҷустуҷу ва боздошти фирориён сафарбар шудаанд. Аммо кофтуков то ба ҳол натиҷае надодааст. Аз байн як шаб сипарӣ шуда, бархе тахмин мезананд, ки шояд фирориён бо истифода аз торикӣ ва наздикии марз аллакай хатти марзро убур намуданд. Аммо ҷустуҷӯи фирориён ҳанӯз идома дошта, хатти марз ба хотири ҷилавгирӣ аз убури маҳбусони фирорӣ таҳким ёфтааст.

Дар робита бо ин ҳодиса додситонии вилоят парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG