Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати 10 ҷангии дигар дар Боҷаур


Normal 0

Нирӯҳои амниятии Покистон субҳи сешанбе дар ҷараёни як амалиёти густарда дар манотиқи шимолу ғарби ҳаммарз бо Афғонистон 10 ҷангиро ба ҳалокат расондаанд. Ин задухӯрд дар канораи Хор, бузургтарин шаҳри минтақаи қабиланишини Боҷаур иттифоқ уфтодааст. Аз оғози амалиёти густардаи низомӣ алайҳи ҷангиён дар Боҷаур, бино ба оморҳо, беш аз 700 ҷангӣ кушта шудаанд. Ин амалиёт дар авоили моҳи август оғоз ёфт.


XS
SM
MD
LG