Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Судури ҳукми зиндони скинҳедҳои рус


Normal 0

Додгоҳи шаҳри Маскав як гурӯҳи 13-нафарии қавмгароёни наврасро бо ҷурми куштор ва барангехтани адовати қавмӣ ба мӯҳлати аз 3 то 10 сол равонаи зиндон кард. Додгоҳ аъзои ин гурӯҳро дар қатли Сергей Николаев, устоди шоҳмот аз Ёқутистон, ва ҳамла ба Галиҷон Гуляшов, як кӯчарӯб аз Тоҷикистон, муҷрим шинохт. Ҳарду ҳамла дар таърихи 20 октябри соли 2007 анҷом шудааст. Хабаргузориҳои Русия менависанд, ки муҷримон ҳукми додгоҳро бо нидои фашистии “Зиг ҳайл!” истиқбол кардаанд.


XS
SM
MD
LG