Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти се марзбони қочоқгари мухаддирот


Дар ноҳияи Ҳамадонӣ 3 марзбон бо иттиҳоми қочоқи маводди мухаддир боздошт шуданд.

Боздошти муҷримон аз ҷониби кормандони бахши дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон будаи Вазорати дохилаи Тоҷикистон бо анҷоми як амалиёти густурда сурат гирифтааст.
Ба таъйиди Муҳаммадалӣ Асадуллоев, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ин сарҳадбонон дар воҳиди низомии 21/13-и Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хидмат мекарданд. Ба қавли манбаъ, аз марзбонони боздоштшуда 25 килограмм маводди мухаддир ошкор ва мусодира шудааст.
Дар ҳоли ҳозир, ба гуфтаи М. Асадуллоев, алайҳи ин низомиён парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст ва корҳои фаврии ҷустуҷӯӣ ба манзури ошкор кардани нафарони дигари ҳамроҳи муҷримони боздоштгардида идома дорад.
Дар ҳамин ҳол, ба далели халал наёфтани ҷараёни тафтишот дар вазорати мазкур аз бурдани ному насаби афроди гумонбар дар ҷиноят худдорӣ карданд. Танҳо тасдиқ мешавад, ки як нафари боздоштшудаҳо афсар буда, ду узви муҷрими таҳти пайгарди қонунӣ қарор дошта фирор кардаанд.
Дар дафтари матбуотии вазорати дохилаи Тоҷикистон ҳамчунин аз боздошти як шаҳрванди Испониё дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе бо иттиҳоми қочоқи маводди мухаддир хабар доданд. Бар тибқи иттиллоъи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, дар пайи анҷоми амалиёти фаврӣ се марзбони қисми мазкури ҳарбӣ бо гумони нигаҳдории ғайриқонунии маводди мухаддир муттаҳам ва боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG