Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тирпаррониҳо дар Ингушистон


Шаби гузашта дар шаҳри Назран анбори аслиҳаи Вазорати умури дохилаи Ингушистон зери тирборон қарор гирифт.

Расонаҳо хабар медиҳанд, аз ин тирпарронӣ касе зарар надидааст. Ҳамлагаронро боздошт карда натавонистаанд ва ҳам ҳанӯз дар мавриди ҳувияташон чизе гуфта намешавад.

Ҳамчунин, дар яке аз деҳоти ин ҷумҳурии қафқозии Русия мошини муовини вазири умури дохилаи Ингушистон Вадим Селиванов тарконида шудааст.

Хабаргузориҳо навиштаанд, муовини вазир ба ҳини таркиш дар мошин набудааст.

Дар чанд муддати ахир ҳамлаҳои мусаллаҳона дар ба намояндагони мақомоти қудратӣ дар Ингушистон зиёд шудааст. Ду ҳафта қабл бародарзодаи раисҷумҳури Ингушистон Мурод Зязиков кушта шуд. Коршиносони рус ин ҳаводисро ба кушта шудани соҳиби сомонаи мухолифи Ingushetiya.ru Муҳаммад Евлоев рабт медиҳанд.

XS
SM
MD
LG