Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари варзишгарони тоҷик ба Қазоқистон


Дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба армрестлинг ё дастхобонӣ субҳи имрӯз – 23-юми август – озими Қазоқистон шуд.

Нодир Дареғӣ, раиси Федеросиюни армспорти Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ин мусобиқот аз 25-ум то 28-уми сентябр дар шаҳри Алмати дар чаҳор гурӯҳ – бузургсолон, ҷавонон, собиқадорон ва варзишгарони маълул баргузор хоҳад шуд. Вай афзуд: «Шарафи варзиши Тоҷикистонро 26 нафар ҳимоя мекунанд, ки байни онҳо ҷоизадорони мусобиқоти ҷаҳониву минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ, ба мисли Акмал Қодиров, Амришер Собиров, Ҳусейн Қурбонов, Сокина Қосимзода ва дигарон ҳастанд. Мо дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё аз соли 2004 ширкат меварзем ва ду бор дар ҳисоби умумидастаӣ мақоми севумро касб кардаем. Ин дафъа низ барои ба даст овардани ҷоизаҳои сабқати қитъавӣ талош хоҳем кард».

Ба гуфтаи раҳбари Федеросиюни армспорти Тоҷикистон ғолибону ҷоизадорони мусобиқоти қитъавӣ ба сабқати ҷаҳонӣ, ки моҳи ноябр дар Канада доир мегардад, роҳ меёбанд.

XS
SM
MD
LG