Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи ҳузури нерӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон


Шӯрои Амнияти СММ ҳузури нерӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистонро барои як соли дигар тамдид кард. 15 узви Шӯрои Амнияти СММ бо як овоз аз тамдиди ваколати нерӯҳои байналмилалии зери раҳбари паймони НАТО то моҳи октябри соли 2009-ум пуштибонӣ карданд. Аъзои Шӯрои Амният аз афзоиши қурбониҳо дар байни аҳолии осоиштаи Афғонистон изҳори нигаронӣ карданд. Президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай мегӯяд, ҳалокати аҳолии осоиштаи афғон дар ҷараёни амалиёти нерӯҳои паймони НАТО ва ИМА эътимоди мардум ба ҳукумати Афғонистон ва нерӯҳои байналмилалиро заиф менамояд.
XS
SM
MD
LG