Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боз як бразилӣ дар «Бунёдкор»-и Узбакистон


Зико даъвати Ривалдоро (аз рост)-ро пазируфт

Зико даъвати Ривалдоро (аз рост)-ро пазируфт

Ситораи машҳури футбол Зико ризоят додааст, ки барои як сол мураббии дастаи «Бунёдкор»-и Узбакистон шавад.

Чанд моҳ пеш Зико ҳамкорӣ бо дастаи «Фенербахче»-и Туркияро хотима дода буд. Соли гузашта «Фенербахче» то бозиҳои чорякниҳоии Ҷоми қаҳрамонони Аврупо баромада буд. Дар ҳамин ҳол, овозаҳо зиёд буданд, ки Зико мураббии «Нюкасл» ва ё «Манчестер Ситб»-и Инглистон хоҳад шуд.
Ба навиштаи хабаргузории «Ассошиэйтед пресс» Зико сафари Тошканд намудааст. Мураббии «Бунёдкор» Мирҷалол Қосимов мансаби мураббии дастаи мунтахаби футболи Узбакистонро қабул кардааст ва Зико ҷои ӯро хоҳад гирифт. Бруно Невес, сухангӯи Зико, мегӯяд, ки шояд Зико мушовири техникии Қосимов низ шавад.

Дар ҳоли ҳозир ду ситораи футболи Бразилия Ривалдо ва Луизао дар дастаи «Бунёдкор» ҳунарнамоӣ мекунанд. Ривалдо соли 2002-ум ҳамчун узви мунтахаби Бразилия қаҳрамони ҷаҳон шудааст. Ба қавли сухангӯи Зико, маҳз ин футболбоз Зикоро ба қабули вазифаи нав ҳидоят намудааст.
Зико дар солҳои 1978, 1982 ва 1986 дар ҳайъати дастаи мунтахаби Бразилия барои Ҷоми ҷаҳонии футбол талош варзида буд. Соли 1998 ӯ ба ҳайси ҳамоҳангсози техникии мунтахаби футболи Бразилия дар Ҷоми ҷаҳонии Фаронса иштирок кардааст.

Дар ҳамин ҳол, чоршанбеи 24-уми сентябр «Бунёдкор» дар чаҳорчӯби Ҷоми қаҳрамонони Осиё дар майдони худ бо дастаи эронии «Сойпо» қувваозмоӣ мекунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки бозии аввал дар Эрон бо ҳисоби мусовии 2:2 мусовӣ шуда буд.
XS
SM
MD
LG