Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вашингтон пуштибони узвияти Украина дар НАТО


Котиби давлатии ИМА хонум Кондолиза Райс ваъда дод, ки сарфи назар аз мухолифати Русия Вашингтон аз кӯшишҳои вуруди Украина ба паймони НАТО пуштибонӣ мекунад. Ҳангоми мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Украина Володимир Оҳризко дар ҳошияи Маҷмаи кулии СММ Райс гуфт, ки ИМА ба аҳдаш вафо мекунад. Моҳи апрели гузашта ИМА ваъда дода буд, ки Украинаро ба барномаи дастуруламали Узвияти НАТО шомил мекунад. Ин барнома қадаме дар самти узвият дар НАТО ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG