Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонистон раҳоии Фароҳиро талаб кардааст


Дирӯз дар шаҳри Пешовари Покистон силоҳбадастон дипломати воломақоми афғонро ба асорат гирифтанд. Силоҳбадастон консули Афғонистон Абдулхолиқ Фароҳиро аз мошин берун бароварда бо худ бурдаанд. Ронандаи ӯ ба силоҳбадастон муқовимат нишон дод. Силоҳбдастон ӯро парронданд.

Сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Афғонистон Султон Аҳмад Баҳин гуфт, ки Афғонистон масъули сафорати Покистон дар Кобулро фаро хонда, раҳоии дипломати афғонро талаб кардааст.

Ахиран Фароҳӣ ба мансаби сафири Афғонистон дар Покистон пешбарӣ шуд, вале то ҳанӯз ба иҷрои вазифаи нав шурӯъ накарда буд.
Касе масъулияти ин ҳодисаи одамрабоиро бар ӯҳда нагирифтааст.

XS
SM
MD
LG